Ҳанс Алтер ба Душанбе омад

Ноябрь 2, 2012 12:20

Душанбе, 2 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳанс Алтер- раиси палатаи болоии парлумони Швейтсария шаби 2 ноябр бо сафари серўза ба Душанбе омад. Аз палатаи болоии парлумони мамлакат –Маҷлиси миллӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадафи сафари Ҳанс Алтер ба Душанбе таҳкими робитаҳои парлумонии Тоҷикистону Швейтсария аст. Ҳанс Алтер дар ҷараёни сафари серўзаи худ ба Тоҷикистон бо Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот намуда, самтҳои афзалиятноки муносиботи мутақобилан судманди Тоҷикистону Швейтсарияро матраҳ месозад. Фардо раиси палатаи болоии парлумони Швейтсария Ҳанс Алтер бо Муҳиддин Кабирӣ -раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вохўрда, аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино боздид менамояд. Ҳамзамон 3 ноябр Ҳанс Алтер дар ҳамроҳӣ бо вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов дар маросими ифтитоҳи Маркази омўзишию амалии такмили малакаи тиббӣ иштирок мекунад.  Инчунин боздиди раиси палатаи болоии парлумони Швейтсария аз Маркази исмоилияи Душанбе дар назар дошта шудааст.

Ноябрь 2, 2012 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд