Ҳанс Алтер ба Душанбе омад
Душанбе, 2 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳанс Алтер- раиси палатаи болоии парлумони Швейтсария шаби 2 ноябр бо сафари серўза ба Душанбе омад. Аз палатаи болоии парлумони мамлакат –Маҷлиси миллӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадафи сафари Ҳанс Алтер ба Душанбе таҳкими робитаҳои парлумонии Тоҷикистону Швейтсария аст. Ҳанс Алтер дар ҷараёни сафари серўзаи худ ба Тоҷикистон бо Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот намуда, самтҳои афзалиятноки муносиботи мутақобилан судманди Тоҷикистону Швейтсарияро матраҳ месозад. Фардо раиси палатаи болоии парлумони Швейтсария Ҳанс Алтер бо Муҳиддин Кабирӣ -раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вохўрда, аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино боздид менамояд. Ҳамзамон 3 ноябр Ҳанс Алтер дар ҳамроҳӣ бо вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов дар маросими ифтитоҳи Маркази омўзишию амалии такмили малакаи тиббӣ иштирок мекунад. Инчунин боздиди раиси палатаи болоии парлумони Швейтсария аз Маркази исмоилияи Душанбе дар назар дошта шудааст.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






