Ҳодисаҳои ришвахӯрӣ фош гардиданд

Ноябрь 22, 2012 11:22

Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). – Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода дар ҷаласаи роҳбарони мақомоти мубориза бо коррупсия ва ваколатдорони ҳуқуқи инсони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ зикр намуд, ки «дар ҳоли ҳозир коррупсия дар Тоҷикистон дар сатҳи миёна қарор дорад». Мувофиқи суханони мавсуф, ҳоло Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла мақомоти прокуратура, зидди коррупсия фаъолона мубориза мебаранд. Тайи ду соли охир Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ 1400 ҷинояти коррупсиониро ошкор намуд. Дар ҷараёни тафтишот 63 ҳодисаи ришвахӯрии кормандони мақомоти прокуратура фош гардид. Дар ҷаласа роҳбарони мақомоти мубориза бо коруппсия ва ваколатдорони ҳуқуқҳои инсон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Афғонистон, Покистон ва Туркия иштирок доштанд.Мақсад аз ташкили ин маркази минтақавӣ таҳкими ҳамкории байни мамлакатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар масоили мубориза бо ҳамаи шаклҳои коррупсия ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон мебошад.

Ноябрь 22, 2012 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд