Ҳ.Зарифӣ ба Бишкек рафт
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – Имрӯз, 26 ноябр, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон рафт.Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ 27 ноябри соли ҷорӣ дар бинои «Конгресс – Холла» — и шаҳри Бишкек баргузор мегардад.Рӯзномаи мулоқот иборат аз масоили амният, ҳамкории минтақавӣ, энергетика, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои об мебошад.Иштирокдорони мулоқот ҳамчунин стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказиро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






