Ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистону Лаҳистон

Ноябрь 13, 2012 12:23

Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Варшава ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Лаҳистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид.Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ҷаласа муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Маликшоҳ Неъматов, сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон Имомуддин Сатторов иштирок доштанд. Роҳбарии ҳайати Лаҳистон иборат аз роҳбарони ниҳодҳои мухталифи вазорату идораҳо ва намояндагони ширкатҳои калонтарини ин кишварро муовини вазири иқтисоди Лаҳистон Анҷей Диха ба ӯҳда дошт.Дар ҷараёни ҷаласа вазъу дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Лаҳистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, самтҳои мушаххаси ҳамкории ҷонибҳо дар бахшҳои мухталифе, ки диққати тарафайнро ба худ ҷалб менамоянд, муайян карда шуданд.Ҳангоми ҷаласа Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Лаҳистон дар бораи ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ имзо гардид.

Ноябрь 13, 2012 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад