Ҷаласаи гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия
Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 22 ва 23 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 8 — уми гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия барои ҳалли масоили марбут ба иҷрои Созишномаи байни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия баргузор мешавад. Назар ба хабари хабари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, дар ҷараёни ҷаласаи гурӯҳи кории муштарак масъалаҳои рафти иҷрои нуктаҳои Ёддошт дар бораи ҳусни тафоҳуми Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳамкории минбаъда дар бахши муҳоҷират, ки 5 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе имзо шуда буд, мавриди муҳокима қарор мегиранд. Мувофиқи Ёддошт мӯҳлати иқомати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Русия бидуни қайд аз 7 то 15 рӯз тамдид шудааст. Ғайр аз ин дар назар аст, ки мӯҳлати эътибори иҷозатномаҳои иҷрои кор барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба муддати то 3 сол тамдид карда шавад. Дар ҷаласа ҳамчунин масоили барои имзо таҳия намудани лоиҳаҳои созишномаҳои байни Ҳукумати ФР ва Ҳукумати ҶТ, расонидани кӯмаки амалӣ, усулӣ ва техникӣ ба марказҳои асосии таълими касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарбияи мутахассисон муҳокима мешаванд.








250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
6 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд






