Ҷаласаи Шӯрои Маҷмаи парлумонии СААД
Маскав, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – 22 ноябр дар шаҳри Санкт – Петербург бо иштироки муншиёни шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) ҷаласаи Шӯрои Маҷмаъи парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор мегардад. Иштирокдорони ҷаласа масоили омодагӣ ба иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, оқибати аз Афғонистон баровардани қувваҳои эътилоф ва тадбирҳо ҷиҳати таҳкими қонунгузории муташаккили низоми амниятро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.Дар ҷаласа раиси Маҷмаъи парлумонии СААД, раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия Сергей Наришкин ва муншии умумии СААД Николай Бордюжа, муншии Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев суханронӣ мекунанд. Дар ин бора котиби матбуоти СААД Владимир Зайниддинов ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия хабар дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






