Ҷамъбасти нуҳмоҳа чиро нишон дод?
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Натиҷаи ҷамъбасти нуҳмоҳа нишон дод, ки содироти маҳсулот нисбат ба воридот кам гардидааст,-иброз доштанд дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба мухбири АМИТ «Ховар». Аз ҷумла содироти фулузоти арзонбаҳо ва маснуоти он ба андозаи 113,6 млн. доллар, мошинолот ва таҷҳизот-8,3 млн. доллар, маҳсулоти саноатӣ-4,7,млн. доллар, маҳсулоти тайёри озуқа-3,7 млн. доллар ва содироти нахи пахта дар ҳаҷми 148 ҳазор тонна кам гардида бошад ҳам, аммо содироти маҳсулоти маъданӣ дар ҳаҷми 94,9 млн.доллар, фулузоти қимматбаҳо ба миқдори 12,4 млн. доллар, воситаҳои нақлиёт дар ҳаҷми 23,4 млн. доллар, газвори нассоҷӣ ва маснуоти он ба миқдори 17 млн. доллар зиёд шудааст.Дар ин давра воридоти воситаҳои нақлиёт 2,3 баробар ё ба андозаи 227,7 млн. доллар, маҳсулоти растанӣ 64 млн. доллар, фулузоти арзонбаҳо ва маснуоти он дар ҳаҷми 20,7 млн. доллар афзоиш ёфтааст.Дар айни замон воридоти гази табиӣ ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 107,4 млн. метри мукааб ё ба маблағи 31 млн.доллар кам гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,5 млн. метри мукааб камтар аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






