Ҷамъомади идона
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Бахшида ба Рӯзи Конститутсия (Сарқонун)-и Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Муовини вазири энергетика ва саноати кишвар З. Қ. Файзуллоев иштирокчиёни ҷамъомадро бо Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, изҳори итминон кард, ки кормандони вазорат, корхонаву муассисаҳои соҳавӣ ҷиҳати татбиқи Сарқонун дар фаъолият ва ҳаёти рӯзмарраи худ ва аз ин тариқ баҳри баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвар саҳм хоҳанд гузошт.Иштирокчиён атрофи мавзӯи «Сарқонун-заминаи ҳуқуқии рушди давлатдорӣ» дар бораи арзишҳо ва муқаддасоти миллию давлатӣ, моҳият и як қатор моддаҳои Конститутсияи ҷумҳурӣ ибрози назар намуданд.Аз ҷумла, зикр гардид, ки Сарқонун- чун сарчашмаи қонунгузории миллӣ ва давлати мо паҳлуҳои асосии ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, эътибори ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал намуда, давлат ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шахрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, ки Сарқонун ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






