Ҷашни иҷлосияи таърихӣ дар «Амонатбонк»
Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дирӯз дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо иштироки намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон ва роҳбарияту кормандони бонк бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти «Амонатбонк» хабар доданд, дар ҷаласа раиси раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова иштирокчиёнро бо 20-умин солгарди Иҷлосияи тақдирсоз табрик гуфта, оид ба моҳият ва нақши таърихии ин Иҷлосия маърӯза намуд.Инчунин дар ҷаласа роҳбарони воҳидҳои сохтории бонк ва филиалҳои шаҳрии он иштирок намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






