Ҷашнвораи «Ҷаҳон дар тасвири кӯдакон»
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). – Бо ибтикори Комиссияи миллии ҶТ оид ба корҳои ЮНЕСКО – и назди дастгирии Федератсияи миллии клубҳои ЮНЕСКО дар Қазоқистон, расадхонаи ЮНЕСКО оид ба таҳсилоти эҷодӣ дар Осиёи Марказӣ аз 22 то 24 ноябр дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи «Ҷаҳон дар тасвири кӯдакон. Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Дар ҳошияи ин чорабинӣ семинари намояндагони Иттифоқи рассмомони ҶТ, Иттифоқи меъморони ҷумҳурӣ, мактабҳои махсуси ЮНЕСКО, намояндагони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Иттифоқи зебосозони ҶТ баргузор шуд. Рассомони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба рассомони ҷавон усулҳои гуногуни санъати нигоришотиро ёд доданд.Ғолибони ин чорабинӣ аз Тоҷикистон, ки офаридаҳои беҳтарини худро пешниҳод карда буданд, бо дипломҳо сарфароз шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






