Ҷашнвораи синамои «Хазонрез»
Маскав, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова ). – Имрӯз, 2 ноябр, дар Қасри Ҷумҳурии Беларус маросими ифтитоҳи Ҷашнвораи байналмилалии синамои «Хазонрез» баргузор мегардад. Ҷашнвора бо намоиши филми Сергей Лознитса «Ҳавои тира» оғоз ёфта, то 9 ноябр давом мекунад. Дар ҷашнвораи байналмилалии «Хазонрез», ки бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Беларус ва бо дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созмон ёфтааст, синамогарони 35 кишвари хориҷи наздик ва дур офаридаҳои худро намоиш медиҳанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






