Ҷавонони тоҷик дар Эрон илмҳои муосирро меомўзанд
Душанбе, 29 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Гуруҳе аз ҷавонони тоҷик ҷиҳати таҳсил дар донишгоҳҳои давлатии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ин кишвар сафар кард. Абдусаттор Одинаев- мудири шуъби таҳсилоти байналмилалии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки таҳсили донишҷўёни тоҷик дар донишгоҳҳои Эрон бар асоси қарордоди вазоратҳои маорифи ҳар ду кишвар дар моҳи ноябри соли 2010 ҷараён гирифта, донишҷўён бо хобгоҳ ва идрорпулӣ таъмин мегарданд. Донишҷўёни тоҷик асосан дар Донишгоҳҳои давлатии шаҳрҳои Теҳрон, Машҳад ва Шероз дар риштаҳои иқтисодиёт, менеҷмент, табиӣ, риёзиёт, технологияи иттилоотӣ, заминсозӣ, геология ва соири илмҳои муосир таҳсил менамоянд. Дар маҷмўъ то охири соли равон ҳудуди 79 нафар донишҷўи тоҷик ба ин кишвар сафар карда, таҳсилро дар бахшҳои мухталиф идома медиҳанд. Абдусаттор Одинаев гуфт, ки алҳол дар донишгоҳҳои Эрон 200 нафар донишҷў аз Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Масъули бахши таҳсилоти байналмилалии Вазорати маорифи кишвар афзуд, ки дар соли 2012 -ум 1269 нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои таҳсил ба хориҷӣ кишвар тибқи квота фиристонида шуданд. Аз ҷумла, ба Русия 777 нафар, Қазоқистон 100, Чин ва Эрон 79 нафарӣ, Туркия 60 нафар, Қирғизистон 25 , Украина 20, Ҷопон 9 ва Кипри Шимолӣ 5 нафар фиристонида шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






