Ҷилавгирии фаъолияти ҷинояткорон
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар натиҷаи амалиёти махсусе, ки якчанд моҳ идома дошт, фаъолияти гурӯҳи муташаккили ҷинояткоронро ҷилавгирӣ намуда ва 44 килограмм маводи нашъаоварро мусодира карданд.Мувофиқи хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар, ин амалиёт дар се марҳила сурат гирифта ва вазифаҳои ҷилавгирии қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон тавассути қаламрави давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Федератсияи Русияро дар назар дошт. Агентии назорати маводи нашъаовар аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад. Алҳол Агентӣ се нафар ҷинояткоронро дастгир карда, гурӯҳи тафтишотӣ барои ошкор намудан ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани ҳамаи иштирокдорони ин ҷиноят чораҳои зарурӣ мебинад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






