Ҷилавгирии интиқоли маводи нашъаовар
Қӯрғонтеппа, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев ). – Чанде пеш кормандони раёсати минтақавии гумруки вилояти Хатлон дар бунгоҳи гумрукии фурӯдгоҳи шаҳри Кӯлоб кӯшиши навбатии берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ баровардани маводи нашъаоварро ҷилавгирӣ намуданд.Тавре ки корманди масъули раёсати минтақавии гумруки вилояти Хатлон Олимхон Шарифов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ҳангоми тафтиши бағочи сокини шаҳри Кӯлоб Шодӣ Холиқов аз он маводи нашъаовар пайдо гардид. Мувофиқи маълумоти озмоишгоҳи махсус, ин мавод иборат аз 395, 6 грамм ҳашиш будааст.Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






