2 миллиарду 100 миллион $ қарзи берунаи Тоҷикистон
Душанбе, 29 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Маблағи умумии қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиарду 100 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки нисбати Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ 29, 7 %-ро ташкил медиҳад ва беҳтарин нишондиҳанда дар тамоми давраҳои соҳибистиқлолии кишвар ба шумор меравад. Ин нуктаро Исмоил Талбаков- узви Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ зимни баррасии лоиҳаи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 иброз дошт. Мавсуф зикр кард, ки самти асосӣ ва афзалиятноки Барномаи мазкур ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати иқтисодиии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар ва ноил шудан ба ҳадафҳои Рушди ҳазорсола нигаронида шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъи қиёсии қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2013-2015 нисбат ба солҳои нахустини мустақилияти кишвар 4 баробар коҳиш хоҳад ёфт, ки ин раванд нуфузи кишвари моро дар байни институтҳои молиявию қарзии дунё баланд хоҳад бардошт. Вакили палатаи поёнии парлумони мамлакат таъкид намуд, ки ташкили Фонди устуворсозӣ дар тўли солҳои охир барои беҳтар намудани хизматрасониҳои қарзҳои берунаи кишвар мусоидат намуд. Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ҳукумати кишвар дар самти сиёсати қарзӣ ба натиҷаҳои хуб мушарраф мегардад. Ин вазъият дар ҳолест, ки аксари кишварҳои дунё бахусус Амрикову кишварҳои Аврупоро, ки қарзи берунаи онҳо нисбати Маҷмўи маҳсулоти дохилиаашон ба 110 то 130 % расидааст ва дар ҳолати муфлисшавӣ -дефолт қарор доранд, ба ташвиши ҷиддӣ оварда расонидааст. Бояд зикр кард, ки аз рўи кредиторҳои мазкур қарзгиранда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, аммо дар асл хизматрасонӣ ва баргардонидани маблағҳои қарзҳоро субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд. Ин имконият медиҳад, ки субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои қарзиро самаранок истифода баранд ва масъулияти ҷиддиро дар самти баргардонидани он дарк намоянд ва сарбории Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистонро дар бобати хизматрасонӣ ва баргардонидани маблағи асосӣ сабук созанд.








250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
6 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд






