210 ҳазор рубли русӣ ба муҳоҷир баргардонида шуд
Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар» Ибодат Давлатова).- Бештар аз 210 ҳазор рубли русӣ ба сифати музди меҳнат барои корҳои сохтмонӣ ба муҳоҷири меҳнатӣ баргардонида шуд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Хадамоти муҳоҷират итилоъ доданд, бо саъю кӯшиши кормандони Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба сокини шаҳри Кӯлоб Қурбоналӣ Имомови 43- сола музди меҳнаташ, ки бо сабабҳои номаълум аз ҷониби шаҳрванди ФР Игор Постников пардохт намегашт, баргардонида шуд. Қурбоналӣ Имомов моҳе қабл бо дархости ҳалли ин мушкилот ба намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар ФР муроҷиат кард. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ аз ҷониби корфармо ҳаққи ӯ ба пуррагӣ пардохт гардид, қайд намуд манбаъ.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






