50 нафар барои омӯзиш ба Корея мераванд
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). –Зимни нишаст Сардори Хадамоти муҳоҷират С. Девонаев ва сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе Ён Ҷон-Ку масъали созишномаи байниҳукуматиро «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» баррасӣ намуданд. Инчунин ҷониби Корея қайд намуд, ки Вазорати кори Кореяи Ҷанубӣ масъалаи имзои созишномаро ҷонибдорӣ менамояд. Вай ҳамчунин ҷониби Тоҷикистонро барои баррасии созишнома ва дигар масъалаҳо ба шаҳри Сеул даъват намуд. Сафир афзуд, ки дар айни замон Кореяи Ҷанубӣ ҳудуди 1500 нафар шаҳрванди Тоҷикистон истиқомат мекунад.Сафиалло Девонаев изҳор дошт, ки 50-100 нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои омӯзиш ба корхонаи истеҳсоли микроавтобусҳои «Ҳюндай-Старекс» ба Корея фиристода мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






