7 ноябр — Рӯзи театри тоҷик
Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 7 ноябр дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бахшида ба Рӯзи театри тоҷик чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ ва раиси Иттифоқи ходимони театрии Тоҷикистон Сӯҳроб Мирзоев дар ҳузури эҷодкорон ва кормандону собиқадорони театрҳо суханронӣ карданд. Баъди маросими ботантана бо иштироки ҳамаи дастаҳои театрҳои драмавии шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Данғара ва ғайра консерти идона баргузор гардид. Ба ифтихори Рӯзи театри тоҷик аз номи Вазорати фарҳанг ба бисёр кормандон, собиқадорон, ҳунарпешагон ва коргардонҳо ифтихорномаҳо, нишони фахрии «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо тақдим шуданд.Дар ин бора аз Вазоррати фарҳанги ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






