8-умин нишасти гуруҳҳои кории Тоҷикистону Русия дар Душанбе
Душанбе,20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).- Рӯзҳои 22-23-юми ноябри соли ҷорӣ дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-умин нишасти гуруҳи кории Тоҷикистону Руссия баргузор мегардад. Дар он масъалаҳои иҷрои Созишномаи ду кишвар барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон, ки 16 – уми октябри соли 2004 ба имзо расида буд, баррасӣ мегардад. Бояд гуфт,ки гуруҳи корӣ дар нишаст масъалаҳои иҷрои қарордоди ҳамкориҳо дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи муҳоҷирони корӣ ва кушоиши филиали Донишгоҳи тадқиқотии миллии «Донишгоҳи давлатии технологии Қазон» дар омӯзишгоҳи касбию техникии 66-и Тоҷикистон, ҳамчунин омода намудани мутахассисонеро, ки дар бозори кори Федератсияи Русия муҳиманд, муҳокима менамоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






