Аҳолии деҳоти кишвар афзудааст
Душанбе, 26 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар давоми даҳ соли охир дар кишвар шумораи аҳолии шаҳру шаҳракҳо ба 380,6 ҳазор нафар ё 23,4 % ва шумораи аҳолии деҳот 1056,4 ҳазор нафар ё 23,5 % афзудааст, гуфта мешавад дар гузориши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Чунон ки аз маълумотҳои барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010 бармеояд, таносуби аҳолии шаҳру шаҳракҳо ва маҳаллаҳои деҳот дар қиёс бо натиҷаҳои барўйхатгирии аҳолии соли 2000 тағйир наёфтааст. Ҳиссаи аҳолии шаҳраку шаҳракҳо дар шумораи умумии аҳолӣ 26,5 % ва мутаносибан ҳиссаи аҳолии деҳот дар шумораи умумии аҳолӣ 73,5 %-ро ташкил медиҳад.Яке аз омилҳои асосии афзоиши аҳолии кишвар зиёд будани таваллуд нисбат ба фавт маҳсуб мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






