Афзоиши ҳаҷми пасандозҳо идома дорад
Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Тамоюли бомароми зиёдшавии ҳаҷми пасандозҳои мардум дар ташкилотҳои қарзӣ идома дорад. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, тибқи маълумоти оморӣ дар охири моҳи сентябри соли равон бақияи пасандозҳои аҳолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,3 фоиз афзуд. Таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо аз 40,2 фоиз ё 1 884,3 млн. сомонӣ маблағҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 59,8 фоиз ё 2 802,9 млн. сомонӣ пасандозҳои шахсони воқеӣ иборат мебошанд. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ фоизҳои миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,84 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ 13,18 фоизи солонаро ташкил доданд, зикр намуд манбаъ.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






