Афзоиши бунёди корхонаҳо дар Суғд
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Соли гузашта 65 коргоҳ мавриди истифода қарор гирифт. Имсол соҳибкорони вилоят қариб 100 корхонаи хурду миёнаро ба кор дароварданд», — иттилоъ дод раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сеюми Шӯрои машваратии назди раиси вилоят оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ.Вай афзуд: «Шӯрои машваратӣ, бо боварии том метавон гуфт, ба рушди соҳа хизмат мекунад». Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки дар Шӯро ҳамчунин дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба бартараф намудани монеаҳо ҳангоми сохтани корхонаҳои нав ва ворид намудани таҷҳизоти технологӣ ба вилоят сухан рафта, пешниҳодҳои аъзои Шӯро оид ба ин масъала баррасӣ гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






