Афзоиши марказҳои таълими томактабӣ
Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои менеҷери Барномаи бахши маорифи Бунёди Оғохон Зулобӣ Мамадфозилов аз соли 2009 то имрӯз дар ВМКБ ва ноҳияи Рашт 84 «Маркази инкишофи кӯдак» бунёд гардидааст, ки дар онҳо беш аз 2 ҳазор нафар кӯдакони томактабӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд. Боис ба ёдоварист, ки оғози чунин марказҳо ҳанӯз соли 2009 аз ҷониби «Бунёди Оғохон» дар ВМКБ ва ноҳияи Рашт тарҳрезӣ ва бунёд гардид.Тибқи лоиҳаи мазкур соли 2009 ҳамагӣ 9 фоизи кӯдакони тосинни мактабии ВМКБ ба омӯзиш фаро гирифта шуда буд.Ба гуфти З. Мамадфозилов дар давоми се соли таъсиси лоиҳаи мазкур 33 фоизи кӯдакон ба таълими томактабӣ фаро гирифта шуданд. Ба иттилои манбаъ, «Бунёди Оғохон» ҳамаи ин марказҳои таълими томактабиро бо маводи омӯзиш, китоб ва дигар лавозимоти таълим таъмин менамояд. Чанде пештар боз чунин як марказ дар деҳаи Хиҷордеви ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ мавриди истифода қарор гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






