Ассосиатсияи нави намояндагони хадамоти матбуот

Ноябрь 20, 2012 16:15

Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – Тавре роҳбари Ассосиатсияи миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев дар семинари «Ҳамкории судманди намояндагони ВАО ва хадамоти матбуоти сохторҳои давлатӣ» дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон иброз дошт, дар Тоҷикистон ассосиатсияи нави намояндагони хадамоти матбуот ба миён меояд.Мувофиқи суханони мавсуф, кумитаи тадорукотӣ аз ҷумлаи намояндагони хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати маориф, Вазорати тандурустӣ, Кумитаи ҳифзи сарҳадоти давлатӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар семинаре, ки Ассосиатсия дар шаҳри Душанбе аз рӯи масоили муносибатҳои байни хадамоти матбуоти сохторҳои давлатӣ ва намояндагони ВАО доир намуд, тасмим гирифт, ки Ассосиатсияи намояндагони хадамоти матбуоти сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ таъсис дода шавад. Ба қарибӣ дар шаҳри Душанбе конфронси тадорукотии ассосиатсияи мазкур баргузор мегардад. Мақсад аз фаъолияти он баланд бардоштани сатҳи касбии намояндагони хадамоти матбуот, ҳамчунин дастгирии техникии хадамоти матбуоти сохторҳои давлатӣ мебошад.

Ноябрь 20, 2012 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад