Аввалин сехи истеҳсоли дару тиреза

Ноябрь 21, 2012 17:22

Муъминобод, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар рӯзҳои ҷашни 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ дар ноҳияи баландкуҳи Муъминобод як корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият шуруъ намуд. Корхонаи мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкори маҳаллӣ дар деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти Деҳбаланд мавриди истифода қарор гирифт. Дар корхонаи мазкур дар айни замон 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар ҶДММ «Иззат Шарифӣ» дару тирезаҳои пластикӣ истеҳсол мешавад, ки ин ягона корхонаи муосир дар ноҳия ба шумор меравад ва таҷҳизот аз давлати Чин оварда шудааст. Роҳбарияти корхона васеъ кардани корхона ва бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани дигар сокинони ноҳияро ба нақша гирифтаанд.  

Ноябрь 21, 2012 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд