Ба 11 деҳа хатти оби нӯшокӣ кашида шуд
Хоруғ, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Дар деҳаи Деҳрӯшони ноҳияи Рӯшон дар масофаи 5 км хатти обгузар мавриди истифода қарор гирифт. Акнун беш аз 300 нафар сокини деҳа аз оби софи нӯшокӣ истифода мебаранд. Қубуру дигар масолеҳи сохтмоӣ барои ин иншоот бо маблағгузории «Барномаи инкишофи иҷтимоии манотиқи куҳистони Бунёди оғохон» дастрас гардид. Аз шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд, ки дар арафаи ҷашни Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 11 деҳаи вилоят хатҳои обрасонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






