Баҳси мушкилоти ғайриқонунии прекурсорҳо дар Бишкек
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Имрӯз дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон мулоқоти дурӯзаи Гурӯҳи кории минтақавии маълумотӣ оид ба прекурсорҳо ба кор оғоз кард, ки дар он ду намоянда аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат мекунанд. Тавре ки аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ иттилоъ доданд, иштирокдорони мулоқоти корӣ масъалаҳои муомилоти ғайриқонунии прекурсорҳо ва табодули захираҳои маълумотӣ дар ин самтро мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳанд. Нишасти мазкур дар доираи иҷрои қарори Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба прекурсорҳо ташкил шудааст, ки 1-2 майи соли 2012 дар шаҳри Тошканд баргузор шуда буд ва он дар чаҳорчӯби «Барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва пешгирии ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он» мегузарад. Дар мулоқот ҳамчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд, қайд намуд манбаъ.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






