Ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ дар Суғд
Суғд, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Таъсиси корхонаҳои нав, таҷдид ва васеъ намудани корхонаҳои амалкунанда, барқарор кардани иқтидорҳои қисме аз корхонаҳои аз кор бозмонда ташкили корҳои фардию хонагӣ, рушди соҳибкорӣ замина ва сарчашмаи таъсиси зиёда аз 31 ҳазору 874 ҷои корӣ дар вилоят гардид. Дар бахши хусусӣ, соҳаҳои тиҷорату хизматрасонӣ зиёда аз 17 ҳазору 771 ҷойи кор таъсис ёфт. Дар давоми соли равон дар вилоят 126 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил ва дар онҳо 1514 корхонаву муассисаи дорои шаклҳои гуногуни моликият қариб 22 ҳазор ҷойи кории холӣ пешниҳод намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






