Баланд бардоштани савияи дониши кормандони КҲФ

Ноябрь 15, 2012 09:33

Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Аз 12 то 16-уми ноябр дар Маркази таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо ҷалби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ машғулиятҳои таълимӣ ҷараён доранд.  Мавриди зикр аст, ки маркази мазкур ҷиҳати иҷрои нақшаи такмили ихтисос ҳамасола ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи граждании вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳоро ба дарсҳои бозомўзӣ ҷалб менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ Ориф Нозимов хабар дод.

Ноябрь 15, 2012 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш