Баргузории маҳфили эҷодии нависанда Бароти Абдураҳмон
Душанбе, 26 ноябр . (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ)-Рӯзи 27 ноябри соли равон дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили эҷодии нависандаи шинохта Бароти Абдураҳмон баргузор мегардад. Бароти Абдураҳмон аз зумраи адибони боистеъдоди Тоҷикистон аст, ки дар адабиёти муосири тоҷик ҷойгоҳи хоси худро дорад. Номбурда муаллифи романи «Куруши кабир» буда , «Барфи аввал» ва «Мужда» нахустин ҳикояҳои ин нависанда маҳсуб мешаванд. Намунае аз қисса ва ҳикояҳои ӯ ба забонҳои русӣ, украинӣ ва ӯзбекӣ тарҷума ва нашр гардидааст. Ҳамчунин дар қиссаҳои «Кимиёкаҳ» ва «Давлати сарам модарам» нависанда равобити инсон бо табиат, ноҳамвориҳои зиндагӣ, ишқи поку самимияти баланди инсон нисбат ба оламу одамро моҳирона ба қалам додааст. Дар соли 2001 Театри академии ба номи Лоҳутӣ драмаи Б.Абдураҳмон «Хатои Искандари Мақдунӣ»-ро ба саҳна гузошт, ки асар ба истиқболи гарми тамошобинон мувоҷеҳ гардид. Кинповести «Шамшер ва ишқ», филмномаҳои «Тифли домони туям, модар», «Васвасаҳои хунфишон» ва «Муъҷизаи ҳаштуми олам» дастовардҳои муносиби нависанда дар эҷоди асарҳои таърихист. Маврид ба зикр аст, ки Бароти Абдураҳмон дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рудакӣ ва Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнист.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






