Барномаи идона такмили ҷиддӣ мехоҳад
Хоруғ, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Ба ифтихори таҷлили 80 – солагии шаҳри Хоруғ машварати васеи назди раиси вилоят доир шуд. Қодири Қосим, раиси ВМКБ аз ҷараёни омодагиҳо ба ҷашни 80 – солагии таъсиси шаҳри Хоруғ шадидан интиқод карда гуфт, ки имрӯз омодагиҳо ба ин ҷашн дар сатҳи паст қарор доранд. Ба гуфтаи ин манбаъ барномаи махсуси таҳиягардидаи идона ҳанӯз такмили ҷиддӣ мехоҳад, зеро қисмати зиёди дохили он такрори истиқболи ҷашнҳои даврони хоси Шӯравӣ буда, дар кори ин барнома навоварии хосса нест. Раиси вилоят афзуд, ки хуб мешуд дар чаҳорчӯби омодагиҳо ба ҷашни 80 – солагии шаҳри Хоруғ аз ҳисоби адибону олимон ва собиқадорони меҳнат як гуруҳи махсус ташкил шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






