Баррасии ҳамкориҳо бо Украина
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дирӯз вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Никитюк вохӯрӣ намуд.Тавре ки аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ Шариф Раҳимзода рушди бемайлони муносиботи гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Украинаро дар соҳаҳои мухталиф самараи нек арзёбӣ намуд. Инчунин В. Никитюк дар навбати худ қайд намуд, ки ҳамчун сафир баҳри рушди муносибот дар соҳаҳои мухталиф бо Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳад кард. Дар интиҳои вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо ибрози андеша намуданд, хабар дод манбаъ.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






