Баррасии масъалаи имтиҳоноти муҳоҷирон
Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Чанде пеш кормандони Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР ва Хадамоти федералии муҳоҷират, вакилони Думаи давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқии Федератсияи Русия дар шаҳри Маскав масъалаи барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҷорӣ намудани имтиҳоноти ҳатмӣ аз рӯи забони русӣ, таърихи Русия ва Қонуни асосии Федератсияи Русияро мавриди муҳокима қарор доданд. Мувофиқи хабари дафтари матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР, иштирокдорони ин чорабинӣ ба масъалаҳои марбут ба масъалаи бардоштани сатҳи воқифияти муҳоҷирон аз навигариҳои қонуни муҳоҷирати Федератсияи Русия дахл карданд. Иштирокдорони мулоқот аз рӯи муҳокимаи масъалаҳо иброз доштанд, ки дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ ва татбиқи лоиҳаи қонуни мазкур бояд ҳамкории байни давлат ва сохторҳои ҷамъиятӣ бештар густариш дода шавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






