Баррасии масоили муҳими тандурустӣ
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Имрӯз дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар оид ба масъалаи расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола доир гардид.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ иттилоъ доданд, чорабинӣ бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон баргузор гардида, дар он масъалаҳои эмгузаронӣ, солимии модарону кӯдакон, мубориза бо бемории сил, ВНМО ва ислоҳоти тандурустии ҷомеа баррасӣ гардиданд.Дар ҷаласа намояндагони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ ширкат намуда, сухан гуфтанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






