Баррасии мушкилоти мероси урании даврони Шӯравӣ
Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Саидэҳсон Солиев).- Семинари байналмилалии «Мероси урании Иттиҳоди Шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ: мушкилот ва ҳалли он» имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар қисмати аввали семинар гуфта шуд, ки дар Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон мавзеъҳое вуҷуд доранд, ки дар онҳо партовҳои уранӣ мавҷуданд, ки аз даврони Шӯравӣ боқӣ мондаанд. Бахусус дар Тоҷикистон минтақаҳои Табошар, Чкалов, Адрасмон ва Деҳмой ба ин мушкилот мувоҷеҳанд. Инчунин ширкаткунандагон дар баробари барасии мушкилот роҳҳои ҳалли онро низ баррасӣ карданд. Дар семинар намояндагон аз Русия, Қазоқистон Қирғизистон ва дигар кишварҳо низ ширкат карданд. Тибқи барнома семинари байналмилалӣ ду рӯз — 20-21 ноябр идома мекунад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






