Баррасии таҳсилоти инклюзивӣ ва мушкилоти он дар Душанбе

Ноябрь 20, 2012 11:45

Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Саидэҳсон Солиев).-21 ноябр бо дастгирии барномаҳои таҳсилотӣ ва тандурустии шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» -Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, бо ҳамшарикии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Дафтари ЮНИСЕФ дар ҷумҳурӣ дар Китобхонаи миллӣ оид ба рушди таҳсилоти инклюзивӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад.  Ҳадафи конфронс омӯзиши масоили таҳсилоти инклюзивӣ, табодули таҷриба ва ҳамкорӣ, имконияти баррасии ҷараёнҳои сиёсати таҳсилотӣ оид ба пешниҳоди имкониятҳои баробари таҳсилоти босифат ва рушди иқтидор барои ҳамаи кӯдакон дар сатҳи байналхалқӣ мебошад. Дар конфронс баррасии мушкилот ва имкониятҳои ниҳоӣ барои рушди таҳсилоти инклюзивӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, таъмини дастрасӣ ба таҳсилот, хизматрасонии иҷтимоӣ, дастгирии равонӣ ва тиббиву педагогӣ, барҳам задани монеаҳо ва фароҳам овардани шароит барои кӯдаконе, ки ба таҳсил ниёз доранд, тавассути такмили заминаи қонунгузорӣ, шабакаи омода кардани мутахассисону омӯзгорон, таҳияи равишҳои нави илмӣ ва заминаи таълимиву методӣ, афзун кардани иттилоърасонӣ ба аҳолӣ дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Ҷовид Муқим, корманди масъули Институти «Ҷамъияти кушод» -Бунёди мадад дар Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ноябрь 20, 2012 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад