Бемориҳои сироятӣ коҳиш ёфтанд

Ноябрь 7, 2012 09:35

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2012-ум 51 ҳазору 404 ҳодисаи ба бемориҳои сирояткунанда гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба андозаи 19,1 фоиз камтар аст. Солҳои охир ду навъи беморӣ-гепатити шадиди сироятӣ ва бемории сироятии шадиди рӯда бештар миёни аҳолӣ ба қайд гирифта мешавад. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ бемории сироятии шадиди рӯда 72,6 фоиз ва гепатити шадиди сироятӣ 9,9 фоизи бемориҳоро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2011 (14 ҳазору 483 ҳодисаи гирифторӣ ба ин бемориҳо) 3 ҳазор камтар аст. Хушбахтона, бемориҳои исҳоли хунини бактериалӣ сол то сол дар кишвар кам мегарданд. Агар дар 9 моҳи соли 2011 10 ҳазору 79 ҳодисаи бемории исҳоли хунини бактериалӣ қайд шуда бошад, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 748 ҳолати ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.Дар 9 моҳи соли ҷорӣ 4773 ҳодисаи ба бемории гепатити А, 195 ҳодисаи ба бемории гепатити В, 63 ҳодисаи бемории гепатити С ва 50 ҳодисаи ба гепатити музмин гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 19,1 фоизи умумии бемориҳоро ташкил медиҳад.Дар давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ҳамчунин 36 ҳазору 49 ҳодисаи ба бемориҳои паразитӣ гирифтор шудани аҳолӣ низ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 фоиз зиёд аст.

Ноябрь 7, 2012 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард