Бинои нав ба истифода дода шуд
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар арафаи Иди касбии кормандони милитсияи тоҷик дар раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бинои нави дуошёна ба истифода дода шуд. Толори варзишии он ҷавобгӯи меъёрҳои лозимӣ буда, бо воситаҳои ҳозиразамон таҷҳизонида шудааст.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, дар маросими кушоиши он вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов иштирок карда, ҳайати шахсии милитсияи пойтахтро бо Иди касбӣ табрик намуд. Вазир аз заҳмати шабонарӯзии кормандони раёсат ва хизматҳои арзандаашон дар таъмини суботу оромӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахт изҳори сипос намуда, ёдовар гардид, ки дар оянда низ барои беҳдошти фаъолият чунин ғамхориҳо зоҳир мешаванд.Баъд аз анҷоми чорабинии идона, дар раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Рамазон Раҳимов аз макони заминҳои барои сохтмони бинои панҷошёна дидан карда, қайд намуд, ки дар идомаи ғамхориву дастгириҳои ҳамаҷонибаи роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Роҳбари давлат дар ҳудуди заминҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки қитъаи замин барои бунёди бинои истиқоматии панҷошёна барои кормандони милитсия ҷудо карда шавад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






