Бинои нави нозироти андоз дар Бохтар
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ “Ховар”, Дилшодаи Хайруллоҳ).-Кормандони нозироти андоз дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон соҳиби бинои наву замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир гардиданд. Бинои нави маъмурии нозироти андоз дар ноҳияи мазкур аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Корезлоиҳа” соли 2011 лоиҳакашӣ шуда, моҳи декабри худи ҳамон сол аз ҷониби пудратчии асосӣ ҶДММ “Осарӣ” сохтмони он дар масоҳати 349,4 метри мураббаъ оғоз гардид ва дар арафаи таҷлили Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои нави нозироти андоз дар ноҳияи Бохтар аз 2 ошёна, маҷлисгоҳ, толорҳои хизматрасонӣ, утоқҳои корӣ ва таҳхона иборат буда, шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






