Бо фармоиши ҶДММ «Зарҳам»
Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бори аввал дар минтақаи Кӯлоб осоишгоҳи табобатӣ-истироҳатие бунёд мегардад, ки бо ҳамаи меъёрҳои ҷаҳонии табобату истироҳат мувофиқ аст,- иттилоъ доданд аз дастгоҳи шаҳрдории шаҳри Кӯлоб ба мухбири АМИТ «Ховар». Фармоишгари ин осоишгоҳи табобатӣ-истироҳатӣ корхонаи коркарди нахи пахтаи ҶДММ «Зарҳам» буда, лоиҳа аз ҷониби мутахассисони КВД «Лоиҳакаш»-и Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳия шудааст.Тибқи лоиҳа, ин осоишгоҳ аз 4 бинои оилавӣ, маҷмааи истироҳату фароғат, толори варзиш, ҳавзи шиноварӣ ва ошхонаву тарабхона иборат аст.Ба иттилои манбаъ, осоишгоҳ дар маҳаллаи Чашмасори ҷамоати Зиракии ноҳияи Кӯлоб ба маблағи 3 млн. сомонӣ бунёд мегардад. Дар осоишгоҳ дар як вақт 150 нафар истироҳату табобат гирифта метавонад. Боиси тазаккур аст, ки то ин вақт аҳолии минтақаи Кӯлоб аз хизматгузориҳои дигар муассисаҳои табобатию истироҳатии ба ин монанди ҷумҳурӣ истифода мекад, ки он на барои ҳамаи сокинони минтақа дастрас буд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






