Боридани барфи тар пешгўӣ мешавад
Душанбе, 26 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳавошиносони кишвар иттилоъ медиҳанд, ки бо ҳаракати фишори баланди ҳавои сард аз самти ғарби кишвар ва фишори пасти ҳавои гарм аз қисмати ҷануби мамлакат, ки бо ҳам бармехўранд, рўзҳои 28-29-уми ноябр дар водиҳои вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ боридани борони бошиддат ва мубаддал гардидани он ба барфи тар дар назар дошта шудааст. Дар ин рўзҳо ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон шабона 0-5 ва рўзона 2-7 дараҷа гарм, дар вилояти Суғд шабона 0-5, рўзона 1-4 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон шабона 0-5 дараҷа сард, рўзона 0-5 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят шабона 10-15, рўзона 0-5 дараҷа сард мешавад. Ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои тобеи марказ ва пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе шабона 0-5 ва рўзона 2-4 дараҷа гарм мешавад. Парвина Саидҷамолова, сардори шуъбаи пешгўии боду ҳавои Муассисаи давлатии ҳавошиносии кишвар мегўяд, ки фардо 27 ноябр дар охири рўз дар ҷумхурӣ борон меборад. Аз 30 ноябр то 2 декабр ҳаво дар кишвар бебориш боқӣ монда, туман мефарояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






