Боздиди О. Оқилов аз «Қасри фарҳанги Арбоб»

Ноябрь 12, 2012 12:08

Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ “Ховар”, Дилшодаи Хайруллоҳ).-Рӯзҳои 9-11- уми ноябри соли равон Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни сохтмон ва тармиму таҷдиди иншооти ҷашнӣ ба муносибати 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қарор дошт. Оқил Оқилов нахуст бо корҳои омодагию сохтмонӣ дар Муассисаи давлатии «Қасри фарҳанги Арбоб», ки маркази асосии баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, шинос шуд.  Тавре ки маълум шуд, дар ин иншооти таърихии ҷашнӣ дар айни замон корҳои тармимию навсозӣ ва барқарорсозӣ ба итмом расида, омодасозии толорҳо ба қабули меҳмонон идома дорад. Маҷмааи фаввораҳо, толори осорхона ва ҷойҳои нишаст мувофиқи мақсад омода гардида, дар саҳни ҳавлии муассиса корҳои ороишотӣ ба марҳилаи охир расидаанд. Ҷараёни корҳои омодагӣ дар чойхонаи Муассисаи давлатии «Қасри фарҳанги Арбоб» низ мувофиқи нақша ба роҳ монда шуда, дар маҷмуъ беш аз 1000 нафар мутахассису сохтмончӣ дар тадбирҳои ободонию сохтмонӣ ва тармиму таҷдидсозии ин иншооти ҷашнӣ бо кори шабонарӯзӣ фаро гирифта шудаанд.  Оқил Оқилов ба роҳбарияти вилоят ва масъулини корҳои сохтмонӣ барои анҷоми босифати корҳо ва дар сатҳи зарурӣ омода кардани иншоот барои истиқболи сазовори 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои судманд дод. Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов зимни сафари худ ба вилояти Суғд дар шаҳри Қайроққум бо ҳолати омодагии осоишгоҳи «Баҳористон» барои қабули меҳмонон дар рӯзҳои таҷлили 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд.

Ноябрь 12, 2012 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад