«CES Consulting Engineers Saizgitter GmbH» мушовир интихоб шудааст
Душанбе, 8 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҷараёни корҳо дар доираи татбиқи Лоиҳаи дуюми обрасонии шаҳри Душанбе дар мулоқоти раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ таҳти сарварии роҳбари лоиҳаи мазкур Пйер Франческо Мантованӣ дар Душанбе матраҳ гардид. Бояд зикр кард, ки лоиҳаи мазкур дар муддати панҷ сол сарфи 16 миллион доллар гранти бебозгашти Бонки Ҷаҳонӣ ва 3 миллион доллар маблағгузории шаҳрдории Душанберо дарбар гирифта, баҳри татбиқи он ширкати олмонии «CES Consulting Engineers Saizgitter GmbH» мушовир интихоб гардидааст. Раиси шаҳр зикр намуд, ки дар марҳилаи дуюми татбиқи лоиҳа тамоми нерўи ҷонибҳо бояд баҳри расидан ба ҳадафҳои пешбинигардида — ташкили фаъолияти самараноки КВД «Обу корези Душанбе» барои кам кардани талафот ва муҳосибаи оби истеъмолшуда тавассути насби ҳисобкунакҳои обӣ, беҳбуди вазъи молиявӣ ва таъмини худмаблағгузорию рушди институтсионалӣ ва худидоракунии корхона сафарбар шаванд. Мусоҳибон ҷараёни корҳои амалигаштаи лоиҳавиро мусбат арзёбӣ карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






