Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Эътирозгарони Париж чӣ мехоҳанд? Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Ҳазорҳо нафар сокинони касбу кори гуногун ба кўчаю хиёбонҳои шаҳри Парижи Фаронса баромада, дар робита ба афзоиши сатҳи бекорӣ дар мамлакат намоиши эътирозӣ доир намуданд. Мувофиқи расонаи хабарии Rassian To Day News тазоҳуркунандагони бо ҳар гуна шиору овезаҳо дар назди бинои парлумони кишвар ҷамъ омада, талаб доранд, ки бо ҷойҳои кории доимӣ ва шароити хуби меҳнат таъмин карда шаванд. Барои пароканда кардани эътирозгарон кормандони мақомоти полис сафарбар гардидаанд.Ҳукуматдорони Португалия андозро баланд бардоштанд Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои телевизиони «Алҷазира» тибқи барномаи нави зиддибуҳронӣ ҳукуматдорони мамлакат хароҷоти буҷаро коҳиш дода, ҳаҷми андозро боло бардоштанд. Ин иқдоми ҳукуматдорон боиси нигаронии сокинони кишвар гардида, онҳо дар маркази пойтахти кишвар- шаҳри Лиссабон ҷамъ омада, гирдиҳамоӣ ва намоиши эътирозӣ доир карданд. Ба гуфти сокинон бар ивази он, ки ҳукуматдорони кишвар дар чунин шароити душвори молӣ ба онҳо кўмак расонанд, баръакс мушкилоти онҳоро дучанд мекунанд. Тибқи қарори нав ҳаҷми андоз аз 9,8 то 11,8 дарсад боло бардошта шудааст. Вазири молияи кишвар иброз дошт, ки ислоҳоти воридшуда ба буҷа соли 2013-ум дохил мешавад. Лоиҳаи буҷа барои соли оянда 15-уми октябр ба парлумони мамлакат пешниҳод мешавад.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






