Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Ихтисори теъдоди коргарон дар бонки Швейтсария Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Калонтарин бонки Швейтсария (UBIES) ЮБИЭС дар бораи ихтисорнамоии 10 ҳазор коргари худ иттилоъ дод. Роҳбари бонк Серҷио Эрмути дар музокирот бо сармоягузорон таъкид кард,ки 30 дарсади моликияти худро берун карда, 16 дарсади басти кориро ихтисор менамояд. Ҳамин тавр фаъолияти асосии бонк танҳо кор бо мизоҷон мегардаду халос. Дар 10-моҳаи соли ҷорӣ зарари ЮБИЭС 130 маротиба афзуда, ба 1 милиарду 700 милион евро баробар шуд.Таҳлилгарон ва коршиносони ин соҳа низ изҳор медоранд, ки 5 соли оянда ҳамаи бонкҳо 10 дар сади басти кории худро аз даст медиҳанд. Бояд қайд намуд,ки аз таъсири буҳрон ЮБИЭС аз ҳама бештар ба маблағи 30 миллиард евро зарар дидааст. Харидории ширкати амрикоии «Лукасфилм» Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Бино ба маълумоти шабакаи телевизионии «Day News»-и Аврупо Ширкати «Уолд- дисней»-и Амрико ширкати «Лукасфилм»-ро бо маблағи 4 милиард доллар харид. Мувофиқи маълумоти роҳбари ширкати мазкур «Уолд- дисней» қисми 7 –уми филми тасвирии аниматсионии «Задухўрд дар ситораҳо» -ро ба навор мегирад.Гуфта мешавад, ки филми номбурда соли 2015- ум ба намоиш бароварда мешавад. Қаблан филмҳои тасвирии машҳурро филмноманавис ва коргардон Ҷорҷ Лукас рўи навор меовард. Мувофиқи расонаи хабарии ин кишвар низ минбаъд шахсони дигар чунин филмҳоро ба навор мегиранд. Филмноманавис ва коргардон Ҷорҷ Лукас ширкати «Лукасфилм» -ро соли 1971 таъсис дода буд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






