Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Ноябрь 21, 2012 17:34

Буҳрони Аврупо ба бозори Олмон таъсири манфӣ расонд Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои расонаи хабарии BВС News буҳрони Аврупо ба бозори меҳнати Олмон низ таъсири манфӣ расонд. Дар моҳи октябри соли равон назар ба моҳи сентябр танҳо 35 ҳазор олмонӣ ҷойи кор пайдо намуданд. Гарчанде, ки сатҳи бекорӣ дар Олмон ба 6.5 дарсад баробар аст,вале ин раванд мутахасисонро нигарон кардааст. Бояд қайд кард, ки 40 дарсади моли содиротии Олмон ба давлатҳои Аврупо интиқол меёбад. Ҳукуматдорони кишвар баҳри беҳдошти вазъияти мардум дар ин самт тадбирҳо меандешанд. Туфони «Сенди» ба иёлатҳои Амрико хисороти зиёд ворид намуд Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар»),-Туфони «Сенди» ба хоҷагии халқи баъзе иёлатҳои Амрико ва Канада хисороти зиёд ворид намуд. Ба гуфти шабакаи телевизиони «Алҷазира» чунин ҳодиса дар ин ҷойҳо бори аввал рух медиҳад. Бар асари офати табиӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Канада 48 нафар ба ҳалокат расида, чанд каси дигар бе ному нишон гаштааст. Мувофиқи маълумоти ҳавошиносон тундбоди шадид бо суръати баланд ва харобиовар ба ду минтақаи хушкӣ вазида, ба сўи иёлати Чикагои ИМА ҳаракат мекунад. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Ноябрь 21, 2012 17:34

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд