Чойхонаи миллӣ дар Маркази Боғи ботаникии Тоҷикистон
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Заррина Саидова). -Дар доираи ташаббусҳои созандаву бунёдкорона боз як чойхонаи замонавии миллӣ, ки бо иқдоми ватандӯстонаи роҳбарияти «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бунёд мегардад, мавриди баҳрабардории сокинони пойтахт қарор мегирад. Бинои навбунёди муҳташами чойхона , ки бо нақшу нигори зебову дилкаши болои чӯб, санг, гаҷ ва оина оро ёфтааст, дар дохили иншооти Муассисаи давлатии илмии «Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон» қомат афрохта ва ба ин мавзеъ ҳусни тоза зам намудааст. Барои ба таври шоиста ба поён расонидани тамоми корҳои таҷҳизу ороишӣ то марти соли 2013 муҳлат дода шудааст. Баъди пурра ба фаъолият оғоз намудани он зиёда аз 50 ҷойи кори доимӣ муҳайё мегардад.Тавре ки иттилоъ дода шуд, бинои асосии чойхона аз 2 ошёна ва аз толори хурду бузург иборат буда, дар як вақт метавонад ба 300 нафар мизоҷон хизмат расонад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






