Чор медали дздюдочиёни тоҷик
Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). – Варзишгарони навраси тоҷик аз мусобиқаи байналмилалии дзюдо, ки дар шаҳри Бишкек доир гардид, чор медал ба даст оварданд.Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотири ба даст овардани Ҷоми Хон Манас доир гардид. Ин мусобиқаи байналмилалӣ бори саввум аст, ки баргузор мегардад. Дар мусобиқа 345 паҳлавони наврас аз Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок карданд. Тавре ки аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҳайати дастаи кишвар 15 гӯштигири 15-17-сола ширкат варзиданд. Варзишгар Комрон Кармеков медали тилло ва Рашид Зиёбеков медали нуқраро соҳиб шуданд. Комрон Мамадназаров ва Ардашер Мирзоев бо медали биринҷӣ сарфароз гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






