Чорабинӣ алайҳи маводи нашъаовар
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ якҷоя бо намояндагони раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва туризми ВМКБ дар ҳошияи чорабиниҳо ба манзури ҷилавгирии истеъмоли маводи нашъаовар бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Назаршоев вохӯрданд. Сардори шӯъбаи назорати гардиши маводи нашъаовар ва ҷилавгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовар Алишер Ташрифов дар бораи ҷилавгирии нашъамандӣ ва ҷинояткорӣ нақл кард.Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустии ҶТ, то 1 октябри соли 2012 –ум 7 ҳазору 255 нафар истеъмолкунандагони маводи нашъаовар ба қайд гирифта шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






